Сарвари давлат аз вазъи сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ намуданд

Январь 25, 2024 09:54

ДУШАНБЕ, 25.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январ зимни баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 33,4 фоиз, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба 39,8 ва олии касбӣ ба 40,3 фоиз баробар аст», -изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, ин нишондиҳандаҳо ба талаботи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. Зеро тибқи стандартҳо, агар нишондиҳандаи сифати таҳсил то 50 фоизро ташкил диҳад, он ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.

«Дар чунин ҳолат омода намудани мутахассисони баландпояи  ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ, инчунин тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмиву педагогӣ ғайриимкон мебошад», -изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо ин мақсад Роҳбари давлат ба роҳбарону масъулини соҳа дастур доданд, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

«Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва вазорату идораҳои марбута бояд фаъолиятро дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил дар муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсил вусъат дода, доир ба мунтазам гузаронидани мониторинги сифати таълим чораҷӯйӣ намоянд», — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АКС аз бойгонӣ

Январь 25, 2024 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид