Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар намуд

Январь 4, 2024 17:04

ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар намуда, дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагии муассисаи таълимиро ифтитоҳ намуд, инчунин бо якчанд иншоот шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ гардид.

Ин иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона мебошад. Дар муассиса 847 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 52 омӯзгор фаъолият менамоянд.


Ҳамзамон имрӯз Сарвазири мамлакат дар деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ майдони варзишии замонавиро баъди навсозӣ кушода, мавриди истифодаи умум қарор дод.

Майдони варзишии замонавӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкорон ва хоҷагии деҳқонии «Миросор» бо маблағи 1 150 000 сомонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.


Дар ин рӯз Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмони варзишгоҳ бо тарҳи наву замонавӣ барои 20 000 ҷой дар ноҳияи Восеъ шинос шуд. Иншоот ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 67 млн сомонӣ сохта мешавад.

Ин варзишгоҳ баҳри ҷалби ҷавонон ба варзиш, таъмин намудани аҳолӣ бо варзишгоҳи замонавӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани саломатии аҳолӣ бунёд мешавад.


Дар ҷараёни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои сохтмонии обанбори Селбур, воқеъ дар деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони обанбори Селбурро Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик СГЭМ» ба уҳда дорад. Корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир идома доранд.

Иншоот барои таъмин намудани кишоварзон  бо оби полезӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Январь 4, 2024 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
35–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот бунёду навсозӣ карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид