Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Фархор сафари корӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Фархор бинои иловагиро дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 ба истифода дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бинои иловагӣ аз 10 синфхона иборат буда, барои ба таълим фаро гирифтани 280 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки ин ҳама натиҷаи дастгириву таваҷчуҳи Роҳбари давлат нисбат ба соҳаи маориф мебошад. Бо назардошти ҳамин истифодаи муфид аз имконияти мавҷуда ва тарбияи наврасон дар руҳияи хештаншиносӣ зарур аст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар маҷмуъ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-5 январи соли 2024 дар ноҳияҳои Темурмалик, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Фархор ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 5 бинои нави замонавии муассисаи таълимӣ қариб бо 2500 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода шуданд.

Дар ноҳияи Фархор Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо лоиҳаи бинои Маркази касбомӯзӣ шинос шуд. Иншоот бо хобгоҳ сохта шуда, дар он ба ҷавонон мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати замони муосир касб омӯзонида мешавад.
Ҳамчунин Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Фархор бо ҷараёни сохтмони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Дӯстии халқҳо» шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки самти фаъолияти иншооти саноатӣ ба истеҳсоли хиштҳои замонавӣ равона шуда, рӯзҳои наздик дар он насби технология оғоз мегардад.
Қоҳир Расулзода дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат бунёди корхонаи истеҳсолиро барои таъмини талабот бо масолеҳи сохтмонии баландсифат муҳим арзёбӣ намуда, мутахассисону соҳибкоронро ҷиҳати дар муҳлати муқарраргардида ба истифода додани корхона вазифадор намуд.
Иқтидори солонаи корхонаи истеҳсолӣ 15 миллион дона хишт дар як солро ташкил медиҳад, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтан шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Сарвазири мамлакат инчунин дар ноҳияи Фархор дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Дар айни замон дар кӯча ва шафати роҳҳои ноҳияи Фархор шинонидани ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сояафкан идома дорад.
Амалӣ гардонидани ин тадбир ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зарур дониста шуда, таваҷҷуҳи ҳозирин ба риояи қоидаҳои дурусти шинонидан ва нигоҳубини он дар фасли тобистон ва тирамоҳ ҷалб гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






