«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Таҳти ин шиор аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳашари дастҷамъона гузарониданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он бо ҷалби аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтари ноҳияи Фирдавсӣ, оромгоҳи Лучоби ноҳияи Сино, маҳаллаҳои «Заргар», «Сурхоб», «Варзоб-ГЭС»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаҳои Шоҳмансур 1,2,3 ва «Афзалӣ»-и ноҳияи Шоҳмансур ҳашари дастҷамъона гузарониданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар ҳашар кормандону фаъолони ҳизб минтақаҳои мазкурро аз партов, хазонбаргҳо тоза ва атрофи дарахтонро нарму мулоим намуданд.
Ҳамзамон ҳизбиёни пойтахт бо истифода аз ҳавои мусоид дар бархе аз минтақаҳои мазкур ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва арчаҳои ҳамешасабз шинонида, майдончаҳои варзишии ин минтақаҳоро поккорӣ намуданд.


Мақсад аз ин гуна иқдомҳои ҳизбиён пайравӣ ба ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муроҷиатномаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «Шаҳри гулрез» табдил додани шаҳри Душанбе ва тозаву озода намудани кӯчаву маҳаллаҳо, ободу зебо ва озода гардонидани пойтахт мебошад.
«Бояд гуфт, ки сокини пойтахт будан на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бузург аст. Аз ин рӯ, мо — сокинони пойтахт бояд фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намудан, бо тозаву хуррамгардонӣ ва ниҳолшинониву муносибати ғамхорона намудан ба майдончаҳои варзишӣ қалби муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанберо тозаву озода нигоҳ дорем», — иброз дошт яке аз ҳизбиён Шаҳриёр Олимӣ.
Ёдовар мешавем, ки ҳашарҳои дастҷамъонаи ҳизбиёни пойтахт то 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе










Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






