Шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, уҳдадоранд оид ба фаъолияташон ба ВКД-и Русия огоҳинома супоранд
ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 январи соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, уҳдадор гардидаанд оид ба фаъолияташон ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия огоҳинома супоранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки патенти меҳнатиро ба расмият медароранд, аз 7 январ уҳдадории нав пайдо менамоянд, ки тибқи он бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар бораи оғози фаъолияти меҳнатӣ ба таври хаттӣ огоҳ созанд. Дар ин хусус дар фармони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия аз 05.09.2023 «Дар бораи муқаррар намудани шакли огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки патент гирифтааст ва Тартиби пешниҳоди чунин огоҳинома ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия, ки патент додааст» гуфта шудааст.
Мутобиқи ин фармон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки патент гирифтаанд, вазифадор мебошанд, ки давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия дар сатҳи минтақавӣ ва ноҳиявӣ, ки патент додаанд, огоҳинома пешниҳод намоянд.
Ба огоҳинома нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ барои иҷрои корҳои (хизматрасонӣ) байни корфармо, фармоишгари корҳо ва шаҳрванди хориҷӣ замима мешавад ё дар огоҳинома маълумот дар бораи шартномаи ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо дар сурати бастани он дар шакли шифоҳӣ хабар дода мешавад.
Огоҳинома метавонад аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ба таври хаттӣ ба шуъбаи ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ тавассути почта бо огоҳинома оид ба супоридан ва тавассути портали “Госуслуги” супорида шавад.
Аз соли 2024 агар шаҳрванди хориҷӣ нусхаи шартнома ё огоҳинома дар бораи фаъолияти меҳнатиро сари вақт ба Вазорати корҳои дохилӣ ирсол насозад, пас патенти ӯ (бе огоҳӣ) бекор мешавад. Ин маънии онро дорад, ки патенти навро шаҳрванди хориҷӣ танҳо пас аз 1 сол аз рӯзи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад. Дар ин сурат агар корфармо аз сабабе, ки бо шаҳрванди хориҷие, ки аллакай ғайрирасмӣ будубош дорад, фаъолиятро идома диҳад, барои иҷозат додан ба кори ғайриқонунӣ ҷарима мегирад.
Агар давоми ду моҳ огоҳинома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ пешниҳод нашавад, пас патенти шаҳрванди хориҷӣ (бе огоҳӣ) бекор карда шуда, муҳлати будубоши ӯ дар қаламрави Русия кам мешавад. Ҳангоми бекор намудани патент патенти навро танҳо пас аз як сол аз рӯзи бекор гардидан ба расмият даровардан мумкин аст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






