Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 31, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони муосир сайёҳӣ яке аз бахшҳои рушди иқтисоди мамлакат буда, солҳои охир босуръат рушд менамояд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ аст, ки заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳӣ буда, соҳаи мазкур ба сифати манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро соҳаи афзалиятноки мамлакат эътироф намуда, барои рушду пешрафти он тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 бо мақсади пешбурд ва оммавигардонии соҳаи сайёҳӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул карда шуда, татбиқи он марҳала ба марҳала амалӣ менамояд.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд, ки ин тадбир барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, ба афзоиши бесобиқаи ташрифоварии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат намуд.

Узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти ватанамон — шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе — пойтахти сайёҳии мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеи таърихии «Саразм», «Боғи миллӣ» ва мероси ғайримоддии фарҳангии «Чакан — санъати гулдӯзии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иди Наврӯз», «Оши палав» ва «Мусиқии Шашмақом» далели ин гуфтаҳо буда, симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ ва машҳур гардид.

Мавриди тазаккур аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои сайёҳии ватани маҳбубамон мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро дар арсаи байналмилалӣ касб намудааст.

Инчунин дар соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон аз раддабандии солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» дар ҷойи якум қарор гирифтааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар гӯшаву канори мамлакат силсилаи иншооти инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ боғу гулгаштҳо ва биноҳои хуштарҳу замонавии дорои аҳаммияти фарҳангиву иҷтимоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳои муосиру замонавӣ бунёд гардида, ҷумҳурии азизамонро ба яке аз маконҳои зебову хоси тамошои сайёра табдил додааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2023 шумораи сайёҳони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба 1 миллиону 201 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.

Ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ анҷом додани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, пурзӯр намудани кор дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва раванди амалишавии барномавию нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳии мамлакат мебошад.

Январь 31, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гурҷистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Ираклий Кобахидзе оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд