Ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 12-уми тахассусии саноати кишоварзии Эрон иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 16 январ дар вилояти Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи 12-уми тахассусии саноати кишоварзии Язд «YAZD AGRI SHOW» оғоз гардид, ки дар он якчанд ширкати ватанӣ аз Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Бо дастгирӣ ва мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои ватанӣ-аъзои Палата, аз ҷумла ҶСК «И.Сомонӣ», ШХ ҶСК «И.Сомонӣ», ХД «Дубеда», ҶДММ «Оби Ҳаёт» маҳсулоташонро дар ин намоишгоҳ ба тамошо гузоштаанд.
Намоишгоҳи 12-уми тахассусии саноати кишоварзии Язд «YAZD AGRI SHOW» то 19 январ идома меёбад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд






