Ширкати Кореяи Ҷанубӣ дар бунёди пулҳо дар Тоҷикистон кумаки машваратӣ мерасонад

Январь 12, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, ҷиҳати пешниҳод намудани хизматрасонии машваратӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ширкати Кореяи Ҷанубӣ «ISAN Corporation» шартнома ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Санадро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори филиали «ISAN Corporation» дар шаҳри Алмато Ҷонг Хидэ ба имзо расониданд.

Мақсади асосии шартнома- омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва нақшаҳои муфассали корӣ, ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва воситаҳои экологию иҷтимоӣ барои бунёди ду пул дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ду пул дар ноҳияи Восеъ мебошад.

Ду пули асосӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Рӯдакӣ» болои дарёи Кофарниҳон дар километри 9+800 ва болои дарёи Элок дар километри 11+000  сохта мешаванд. Ду пули дигар дар шоҳроҳи «Душанбе-Қулма»  болои дарёи Қизилсу дар километри 158+00 ва болои дарёи Ёхсу дар километри 165+000 бунёд мегарданд.

Интизор меравад, ки хизматрасонии машваратӣ аввали моҳи январи соли 2024 оғоз шуда, 12 моҳ идома меёбад.

 АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 12, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд