«ШОҲНОМА» ТАҲИЯ ВА НАШР МЕШАВАД. Доир ба он дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҷаласаи корӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ҷиҳати таҳия ва нашри мукаммали «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҷаласа баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт хабар медиҳад.
Президенти Академияи миллии илмҳо бо раванди таҳияи матни мукаммали «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шинос шуда, дар заминаи таҳияву такмили босифати матни «Шоҳнома» тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсия ва пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.
Қобилҷон Хушвахтзода омодагии Раёсати Академияро ҷиҳати фароҳам сохтани шароиту имконоти зарурӣ дар раванди таҳияи матни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва мусоидат ба суръат бахшидан барои таҳияи ин шоҳасари миллӣ ба гурӯҳи корӣ баён дошт.
Дар ҷаласа директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода дар масъалаи ҷараёни таҳияи матни мукаммали «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гузориш пешниҳод намуд.
Тасмим гирифта шуд, ки гурӯҳи корӣ бо диққати комил ва муқоисаи чор нусхаи маъруфи «Шоҳнома» матни муътабари ин шоҳкори адабӣ ва ҳамосиро ба нашр омода намояд.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ дастрас шавад.
АКС: Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






