Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Ҷопон ба 213 нафар расид
ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи силсилазаминларзаҳои шадид, ки дар нимҷазираи Нотои Ҷопон дар соҳили баҳри Ҷопон ба амал омаданд, ба 213 нафар расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС хабар медиҳад.
52 нафар то ҳол ба рӯйхати бедаракшудагон шомил мебошанд, хадамоти таъҷилӣ наметавонанд бо онҳо тамос гиранд, то макони ҷойгиршавии онҳоро тасдиқ намоянд. Тибқи маълумоти охирин, шумораи захмиён 567 нафарро ташкил медиҳад.
Аз ҳама бештар бар асари офати табиӣ префектураи Исикава зарар дидааст: дар он ҷо 1 370 хона пурра ё қисман вайрон гардида, сӯхторҳо зиёда аз 300 биноро нобуд намудаанд. Тибқи маълумоти кормандони соҳаи барқ, дар минтақа 13,5 ҳазор хона бе равшанӣ мондаанд.
Хадамоти наҷотдиҳии Ҷопон корҳои барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмири роҳҳоро анҷом медиҳанд, то дастрасӣ ба аҳолии маҳаллӣ таъмин гардад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






