Соҳибкорони вилояти Эскишеҳири Туркия барои ҳамкорӣ ба Тоҷикистон даъват шуданд

Январь 29, 2024 16:32

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов ба вилояти Эскишеҳири Туркия сафар анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Ашрафҷон Гулов бо волии Эскишеҳир Ҳусейн Аксой мулоқот доир намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди муҳокима қарор доданд.

Бо истифода аз фурсат Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов оид ба имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии мамлакат маълумот дода, аз волӣ даъват намуд, ки бо соҳибкорони вилоят ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 29, 2024 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид