Собиқ дастпарвари Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор Сарваршоҳ Азимов беҳтарин донишҷӯйи соли 2023 дар Русия дониста шуд
ҲИСОР, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи озмуни «Донишҷӯи сол — 2023» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия даври ниҳоии озмунро баргузор ва беҳтаринҳоро муайян намуд, ки дар натиҷа мувофиқи қарори комиссияи озмун аз рӯи холҳои бадастоварда ҷойи аввалро донишҷӯи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии шаҳри Москва, собиқ дастпарвари Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор Сарваршоҳ Азимов соҳиб гардид. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Озмуни «Донишҷӯи сол — 2023» байни донишҷӯёни тоҷикро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия таҳсил менамоянд, Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо дастгирии Сафорат ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия ташкил ва баргузор намуд.
Ба Комиссияи озмун аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Низомномаи озмун донишҷӯёни тоҷик аз минтақаҳои кишвари иқомат номзадиашонро пешбарӣ намуданд. Даври аввал ва дуюми озмун ба таври фосилавӣ ва даври ниҳоии озмун ба тариқи ҳузурӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони лаёқатманди тоҷик дар Русия, муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, муттаҳид намудани ҷавонон дар хориҷи мамлакат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, муаррифии чеҳраҳои нав дар соҳаҳои гуногун дар байни донишҷӯён мебошад.
Беҳтарин донишҷӯёни сол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






