СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон коргоҳи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) якчанд корхонаҳои саноатӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд. Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни кор дар ин корхонаҳо шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри соли 2021 бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати мамлакат пешниҳод гардид, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси соҳибкорон фабрикаи парандапарварӣ бунёд мегардад. Фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Шамс тиҷорат» бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон коргоҳи нав бунёд мешавад, ки дар он истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ амалӣ мешавад.
Маълумот дода шуд, ки ин коргоҳ аз ҷониби соҳибкор Саидбой Абдуллоев сохта шуда, корҳои созандагӣ дар иншоот тибқи нақша идома дорад. Дар бозори дохил ва берун аз он талабот ба ноқилҳои барқӣ зиёд аст. Аз ин хотир, ташкили чунин коргоҳ мувофиқи мақсад дониста шуд. Таъкид гардид, ки баъди пурра васлу насби дастгоҳу таҷҳизот истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ барои обёрӣ ва беш аз 10 намуди ноқилҳои барқӣ истеҳсол ва ҳамзамон ба кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд ва масъулин азм доранд, ки дар муҳлати пешбинишуда корҳоро ба анҷом расонанд.
Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави кор, ворид ва насби хатҳои нави истеҳсолӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар вилояти Суғд барои соҳибкориву сармоягузорӣ шароит муҳайё мебошад. Соҳибкорони ватандӯст бо истифода аз он дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда саҳми арзанда мегузоранд.
Дар корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Тилгат» ояндаи наздик беш аз 20 навъи рангҳои сохтмонӣ истеҳсол мешавад. Дастгоҳу таҷҳизот аз Чин ва Туркия ворид гардида, бо фаъол гаштани корхона 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Бо назардошти рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Гулистон коргоҳи консервабарорӣ ташкил мегардад. Дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Таъминоти моҳӣ» корҳои навсозии коргоҳи консервабарорӣ идома доранд. Ояндаи наздик дар ин коргоҳ бо истифода аз гӯшти моҳӣ консерва истеҳсол ва басту банд мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд






