СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Спитамен ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ҷойи корро зиёд менамоянд
ДУШАНБЕ, 18.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи Спитамен бо мақсади рушди соҳа, истифодаи иқтидори мавҷуда, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин ноҳия бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни кор дар корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳайё ва Ко» иттилоъ дода шуд, ки самти фаъолияти корхона асосан ба дӯхти либоси мактабӣ равона шудааст. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар асоси шартнома аз ин корхонаи дӯзандагӣ либоси мактабӣ мехаранд. Корхонаи дӯзандагӣ иқтидор дорад, ки дар як сол 40 ҳазор либоси мактабиро бо сифати баланд ва дизайни хос истеҳсол намояд. Дар айни замон 45 сокинони маҳалӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошад.
Раиси вилояти Суғд ба масъулини соҳаи маориф ва саноат супориш дод, ки дар ҳамоҳангӣ барои таъмини саривақтии хонандагон бо либоси мактабӣ дар шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳайё ва Ко» иттилоъ дод, ки дар шафати корхонаи дӯзандагӣ бинои баландошёна бунёд намудааст.
Ҳамзамон ҷараёни кори коргоҳи нави коркарди пахтаи Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен, ки бо иқдоми масъулини БТК «ГРУПП»-и Федератсияи Русия бунёд гардидааст, мавриди шиносоӣ қарор гирифт.
Масоҳати умумии корхона 7,3 гектарро ташкл дода, дар он технологияи муосири коркарди пахта аз ширкатҳои пешрафта харидорӣ ва васлу насб шудааст. Дар коргоҳи навбунёд дар як шабонарӯз беш аз 200 тонна пахта қабул ва коркард мешавад.
Дар корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишоварзии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Новселмаш» ба Раиси вилояти Суғд маълумот дода шуд, ки дар ин корхона қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишоварзӣ истеҳсол мешаванд. Ҳаҷми истеҳсол дар як сол беш аз 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Масоҳати умумии корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишоварзии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Новселмаш» 10 гектар буда, даҳҳо нафар дар он фаъолият доранд. Бо амалӣ шудани нақшаҳои нек нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ бештар мегарданд.
Дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Текстили Тоҷикистон» шинос шуд.
Роҳбарияти корхона барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва фароҳам овардани ҷойҳои нав кор тадбирҳои муҳим андешидааст.
Ёдорвар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри соли 2021 бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати мамлакат пешниҳод гардид, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон шаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд






