Соли 2023 дар ноҳияи Фирдавсӣ 3937 нафар ба сафи ҲХДТ пайваст
ДУШАНБЕ, 13.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе то 1 январи соли 2024 дар 214 ташкилоти ҳизбӣ 17 ҳазору 604 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид намудааст. Соли 2023 дар ҳудуди ноҳия 12 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд. Ин нуктаро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзод хабар медиҳад, дар ҷаласа фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар соли 2023 натиҷагирӣ гардида, барои соли 2024 вазифаҳо гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки таъсиси ташкилоти ҳизбӣ дар меҳвари фаъолияти ҳзиб қарор дошта, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки соли 2023 Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Комиссияи кор бо занон ва оила ва Шурои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро таъсис дод, ки дар баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, инчунин татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳм хоҳанд гузошт.
Ҳамзамон дар ҷаласа фаъолияти Комиссияи кор бо занон ва оила ва Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар соли 2023 шунида шуд.
Иброз гардид, ки дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он давлат ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.
Дар идомаи ҷаласа тазаккур дода шуд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти давлатамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Дар фарҷом ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ супорида шуда, дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавононе, ки нав ба узвияти ҳизб қабул гардиданд, шаҳодатномаҳо тақдим шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд






