Соли 2023 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо 19 муассисаи давлатҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши муносибатҳои ҳамҷаворӣ, амалӣ намудани табодули академии устодону донишҷӯён ва дарёфти шарикони рушд соли 2023 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо 19 муассисаҳои таҳсилоти касбии давлатҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин хусус ректори донишгоҳ Қудрат Қамбар имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд бо донишгоҳҳои олии давлатҳои хориҷӣ дар соли таҳсили 2023 -2024 102 донишҷӯ аз давлатҳои гуногун, аз ҷумла, Федератсияи Русия, Узбекистон, Чин, Афғонистон, Туркманистон ва Қатар дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Донишгоҳ ҳамкории байналмилалиашро ривоҷ дода, дар маҷмуъ бо 125 донишгоҳ ва созмону ташкилоти байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






