Соли 2023 ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ 19 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Соли 2023 ташкилоти қарзии молиявии мамлакат ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ 19 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд, ки нисбат ба соли 2022 32 фоиз зиёд мебошад, вале ҳаҷми он нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 15 фоизро ташкил медиҳад, ки ин ҳоло ҳам кам мебошад». Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ 24 январ иброз намуданд.
Гуфта шуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 38 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки қонеъкунанда нест.
«Ба ҳолати охири соли 2023 қарзҳои ғайрифаъол дар низоми бонкии мамлакат 2,2 миллиард сомонӣ ё 12,5 фоизи сандуқи қарзиро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 608 миллион сомонӣ зиёд шудаанд. Аз ин лиҳоз Бонки миллӣ, бонкҳои давлатии «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк», бонкҳои тиҷоративу саҳомӣ ва дигар ташкилоти қарзии молиявиро зарур аст, ки тадбирҳои иловагӣ андешанд»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд намудани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат бо фоизи нисбатан паст, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва кам намудани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳо мебошанд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки якҷо бо Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳо дар самти тавсеаи фарогирии молиявӣ дар мамлакат, аз ҷумла рушди хизматрасонии молиявии рақамӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо чораҳои иловагиро амалӣ намоянд.
Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз 1 августи соли 2023 пардохти ҳама намуди андозу пардохтҳо ва хизматрасонии давлатӣ бояд ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ шавад. Вале санҷишу таҳлилҳои гузаронида нишон медиҳанд, ки дар ҷараёни татбиқи ин фармон аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то ҳанӯз камбудиҳои зиёде ҷой доранд.
Инчунин ҳамгироии мубодилаи маълумот оид ба хизматрасонии давлатӣ дар байни сохтору мақомот мукаммал ба роҳ монда нашуда, дар низоми бонкӣ дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ то ба ҳол ғайр аз «корти миллӣ» истифодаи дигар намуди кортҳо маҳдуд мебошад.
Умуман, соли 2023 ҳаҷми амалиёти ғайринақдӣ дар пардохти молу хизматрасонӣ дар мамлакат ҳамагӣ 20 фоизро ташкил додааст, ки қонеъкунанда нест.
Тавре дар Паёми Президенти мамлакат таъкид гардид, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо, инчунин Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бояд давоми ду сол низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ намуда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.
Бонки миллӣ якҷо бо вазоратҳои адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Хадамоти алоқа ҷиҳати фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ доир ба фароҳамсозии инфрасохтори мукаммали хизматрасонии бонкӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Хадамоти алоқа барои муҳайё намудани интернети баландсуръат ва таъмин намудани талаботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар самти рушди иқтисоди рақамӣ чораҳои муассирро амалӣ намояд.
Назорати иҷрои ин супоришу вазифаҳо ба зиммаи муовини якуми сарвазири мамлакат вогузор гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








24 МАЙ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОРХӮР. Дар Тоҷикистон саршумори ин ҳайвони нодири пармашох ба 7 000 сар расидааст
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар бахши шуғл ва омодасозии кадрҳо тақвият мебахшанд
Баҳодур Шерализода дар Ню-Йорк ва Вашингтон бо шарикони рушд ва ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқлимӣ мулоқот намуд
МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ. Ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Боку Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
РАҚАМИКУНОНИИ ҲАМЛУ НАҚЛ. Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустин маротиба низоми байналмилалии eTIR-ро озмуданд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид
Вазорати молия натиҷаҳои таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025-ро муаррифӣ намуд
Дар Боку ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро барои рушди энергетикаи «сабз» густариш медиҳанд
Дар Боку ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2000 то 9.2886 сомонӣ муқаррар шудааст






