Соли 2023- яке аз солҳои гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар Латвия
ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар Латвия соли гузашта +7,8 дараҷаро ташкил дод, ки аз ҳарорати миёнаи солҳои 1991-2020 як дараҷа баландтар мебошад, иттилоъ медиҳад маълумоти Маркази муҳити зист, геология ва метеорологияи Латвия. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агенти иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад.
Ҳаҷми ҳарорати ҳаво дар Латвия соли 2023 60,8 дараҷаро ташкил дод. Ҳарорати пасттарин 10 март дар Зосена сабт шуда буд, ки дар он сутуни термометр то -26,4 дараҷа поён фаромада, ҳарорати баландтарини сол: +34,4 дараҷа 16 август дар Бауск сабт гардид. Чунин гармӣ дар Латвия бори аввал аз 4 августи соли 2014, вақте ки дар бандари Вентспилс ҳарорат +37,8 дараҷаро нишон медод, сабт гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






