Соли 2024 ташрифи Президенти Туркия ба Тоҷикистон дар нақша аст
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад. Дар ин хусус Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар зимни нишасти хабарӣ, ки дар доираи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳақан Фидан ба Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки зимни сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳақан Фидан дар Душанбе ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо баррасӣ гардид.
Тазаккур дода шуд, ки роҳҳои иштироки ҷониби Туркия дар амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.
Дар вохӯриҳо доир ба масъалаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин минтақавӣ ва амниятӣ табодули афкор анҷом дода шуда, имзои «Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои 2024-2026» — таъкид гардид дар нишасти хабарӣ.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






