«Сомон Эйр» минбаъд парвозҳоро аз Хуҷанд ба Дубай, Ҷидда ва Истанбул амалӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои байналмилалии мустақимро дар хатсайрҳои Хуҷанд-Дубай-Хуҷанд, Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд ва Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд оғоз менамояд.
Парвозҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба Дубай шуруъ аз 4 феврали соли равон ҳафтае як маротиба- рӯзҳои якшанбе ба нақша гирифта шудаанд. Вақти парвоз аз Хуҷанд соати 20:10, самти баргашт — 00:10 (шаби душанбе) ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Аз 6 феврал парвозҳо аз Хуҷанд ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Хуҷанд соати 21:15, аз Ҷидда — 02:30 (шаби чоршанбе).
Парвози нахустин дар масири Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд 7 март доир шуда, парвозҳо рӯзҳои панҷшанбе амалӣ мегарданд. Вақти парвоз аз Хуҷанд соати 10:00, баргашт соати 15:15 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Инчунин ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шуруъ аз 22 январ парвозҳоро аз Душанбе ба Алмато ҳафтае се маротиба — рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе иҷро менамояд.
Ҳамчунин шуруъ аз 24 январ «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба Тошканд дар як ҳафта то се парвоз зиёд менамояд. Ба ин тариқ, парвозҳо ба Тошканд рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.
Тамоми парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ мегарданд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳоло парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






