Суғд: ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав ва таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ ҳамкорӣ бо «Хелветас» тавсеа меёбад
ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таҳкими ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва созмони «Хелветас»-и Швейтсария дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва менеҷери лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон Мариан Шиманович дар Хуҷанд баррасӣ гардид, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар мулоқот саҳми созмони байналмилалӣ дар татбиқи лоиҳаҳои обёрӣ ва захираҳои обӣ назаррас арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки бо дастгирии ин созмон дар вилоят якчанд лоиҳаҳо амалӣ шудаанд.
Таъкид шуд, ки дар вилояти Суғд беш аз 60 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, бо назардошти талабот ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад. Бинобар зарурати таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт муҳим мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ашту Мастчоҳ, Зафаробод заминҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омода аст барои амалисозии лоиҳаҳои нав ва таҷдиди пойгоҳҳо ҳамкорӣ намояд.
Мариан Шиманович бо пешниҳоди лоиҳаҳо доир ба саҳми ташкилот дар татбиқи тарҳҳои нав маълумот дод.
Мулоқот бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид






