ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 январ, сешанбе, 2-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1925 дар ҳайати Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.
***
2 январи соли 1992 Қазоқистон ба ҳайати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шомил шуд.
***
2 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ва «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро имзо намуданд.
***
2 январи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.
***
2 январи соли 2018 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Созмони байналмилалии «British Backpacker Society» оид ба имконияти туристӣ ба даҳгонаи беҳтарин шомил шуд.
***
Соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид.
***
2 январи соли 2019 дар шаҳри Исфара ду иншооти муҳими стратегӣ -Дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» ва гузаргоҳи сарҳадии «Сурх» ифтитоҳ гардиданд.
***
2 январи соли 2020 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд.
2 ЯНВАР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Рӯзи миллии муъҷизаҳои илмӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ
Нуқра Раҳматова-соли 1942 -Ҳунарманди халқии Тоҷикистон