ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 январ, душанбе, 22-юмин рӯзи соли 2024 аст

Январь 22, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим намуда шуд.

***

22 январи соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

22 январи соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ базми ҷавонон баргузор гардид.

***

Соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ ба поси хотири бародарон – Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуданд.

***

10 сол пеш, 22 январи соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ («FITUR»)  – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.

***

Соли 2014 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА муҳокима гардид.

***

10 сол пеш, 22 январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Дания таҳти сарварии узви Кумита оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тасдиқ намуданд.

22 ЯНВАР:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.

***

Дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат.

Январь 22, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш