ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 январ, панҷшанбе, 25-умин рӯзи соли 2024 аст

Январь 25, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи «Лайлӣ ва Маҷнун» барпо шуда буд.

***

25 январи соли 1924 дар шаҳри Шамони Фаронса маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои  олимпии зимистона баргузор гардид.

**

Соли 1949 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории телевизиони америкоии «Эмми» гузаронида шуд.

**

25 январи соли 2001 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

25 январи соли 2001  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон ба имзо расониданд.

***

25 январи соли 2011 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки бегоҳии 24 январ дар фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва рух дод, андӯҳгин гардида, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расонидани кумакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати пайваста қарор доданд.

***

25 январи соли 2016 дар Амстердам Маркази Аврупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 2 тоҷикро «барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ» бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба имзо расид.

25 ЯНВАР: 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Январь 25, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш