ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 январ, ҷумъа, 26-умин рӯзи соли 2024 аст

Январь 26, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1788 шаҳри Сидней – аввалин шаҳри аврупоӣ дар Австралия таъсис дода шуд.

***

Соли 1905 дар Африқои Ҷанубӣ калонтарин алмос дар ҷаҳон дарёфт  шуд.

***

26 январи соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷо- сарвари қисмати мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмии Тоҷикистон ва Миср мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Миср баррасӣ шуд.

***

26 январи соли 2009 дар пойтахти Беларус- Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои аъзои ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои Иттиҳод  баргузор гардид.

***

26 январи соли 2010 дар шаҳри Москва Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази фарҳанги тоҷикон» дар доираи лоиҳаи Киноклуб «Шоҳкориҳои ҷаҳонии синамогарони миллӣ» шоми эҷодии Ходими хизматнишондодаи санъат, коргардон ва филмноманавис, дотсенти Донишгоҳи давлатии  кинематографияи Русия ба номи С. А. Герасимов Валерий Аҳадовро баргузор намуд.

***

26 январи соли 2011 дар шаҳри Талдиқурғони Қазоқистон оташи Бозиҳои VII зимистонаи Осиё ба тамошо гузошта шуд.

***

Соли 2012 бори аввал дар Тоҷикистон кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолият», воқеъ дар деҳаи хушманзараи Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов ба фароғату истироҳати зимистона фаро гирифта шуданд.

***

26 январи соли 2017 дар шаҳри Ашқобод ҷаласаи VII муштараки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

26 ЯНВАР:

 Рӯзи байналмилалии гумрук.

***

Дар Уганда – Рӯзи озодӣ.

Январь 26, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш