ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 январ, ҷумъа, 5-умин рӯзи соли 2024 аст

Январь 5, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1998 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод вохӯрии панҷ роҳбари давлатҳои осиёимиёнагии аъзои ИДМ – Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

***

5 январи соли  2009 дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи фарҳангии ҷавонони Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

***

14 сол пеш, 5 январи соли 2010 ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири собиқи мамлакат Оқил Оқилов ба ноҳияи Ванҷ, ки  2 январи соли 2010  бар асари заминҷунбии сахт зарар дида буд, сафар намуд.

***

5 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба сохтмони НБО-и  «Роғун» ба мардум муроҷиат намуданд.

***

8 сол пеш, 5 январи соли 2016 бо амри Подшоҳи Арабистони Саудӣ дари Каъбатуллоҳ ба рӯйи Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон боз шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро зиёрат намуданд.

***

5 январи соли 2016 ВАО-и Тоҷикистон хабар доданд, ки дар соҳаи тибби вилояти Суғд рӯйдоди муҳим ба вуқуъ пайваст. Нахустин маротиба дар Беморхонаи клиникии №1-и маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии пайваст намудани гурдаи модараш бомуваффақият гузаронида шуд.

***

5 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

5 ЯНВАР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Дар ИМА – Рӯзи миллии парандагон.

***

Дар Беларус – Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ.

Январь 5, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, ҷумъа, 304-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, панҷшанбе, 303-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, чоршанбе, 302-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, сешанбе, 301-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, душанбе, 300-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, шанбе, 298-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, ҷумъа, 297-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, панҷшанбе, 296-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст