ТАДБИРҲОИ ЭКОЛОГӢ. Беш аз ду гектар партовгоҳ дар Мастчоҳ хокпӯш гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва ба тартиб даровардани партовгоҳи Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Мастчоҳ давоми соли 2023 ду маротиба ва оғози соли 2024 маротибаи аввал хокпӯш намудани партовҳо дар партовгоҳи марказии ноҳия амалӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Масоҳати умумии партовгоҳи ноҳия 6 гектар буда, бо ҷалби техникаҳои махсус зиёда аз ду гектари он хокпӯш шуд.
Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити зист, беҳбуд бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ идома доранд. Дар асоси он ҷиҳати тоза нигоҳ доштани атроф дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, махсусан маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Бино ба маълумоти Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Мастчоҳ, давоми соли 2023 аз маркази ноҳия дар маҷмуъ 10 515 метри мураббаъ партов бароварда шудааст.
Чанде пеш бо дастури Раиси ноҳияи Мастчоҳ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, ки ҳудуди ноҳияро убур месозад, бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳашари дастҷамъӣ доир гардид. Дар доираи ин иқдом шафати шоҳроҳ аз партовҳо тоза шуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд».
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






