Ташкили бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ дар Тоҷикистон шарти асосии гузариш ба иқтисоди бозорӣ мебошад

Январь 10, 2024 16:54

ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ташкили бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва инфрасохтори дахлдор яке аз шартҳои асосии гузариш ба иқтисоди бозорӣ маҳсуб шуда, яке аз омилҳои пешбаранда ва калидии бозори коғазҳои қиматнок дар мамлакат рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ мебошад. Чунин гуфт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар маросими нахустин барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори озод, ки дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки масъалаҳои рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ яке аз унсурҳои муҳимми бахши молиявии иқтисодиёти мамлакат буда, ба ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, истифодаи коғазҳои қиматнок ба сифати гарави гирифтани қарз ва дар ин замина такмили фишангҳои танзими муомилоти пулӣ мусоидат менамояд.

«Ин раванд рушди низоми молиявиро ба сатҳи боз ҳам баланд бароварда, устувории қарзи давлатиро дар давраи дарозмуддат таъмин менамояд ва шароити мусоидро барои татбиқи самарабахши сиёсати пулию қарзӣ ва фискалӣ, инчунин ташаккули бахши молиявии мамлакат фароҳам меорад», — таъкид дошт Ҳоким Холиқзода.

Гуфта шуд, ки сарфи назар аз таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ барои устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиши таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ корҳои муайян анҷом дода шудаанд.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани номукаммалии ҷойдошта якчанд ислоҳоти фарогир, аз ҷумла қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва таъмини инфрасохтори ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро амалӣ намуд.

Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, бозори муосири коғазҳои киматноки давлатӣ ба рушди бозори такрории он ва баланд бардоштани сатҳи тиҷорати касбӣ мусоидат намуда, ҳамчун замонати дороиҳои пардохтпазиру боэътимод барои таъмини саривақтии маблағгузории соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам меорад.

Раиси Бонки миллӣ иқдоми Вазорати молияи ҷумҳуриро ҷиҳати ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ бо шарту механизмҳои наву муосир дастгирӣ намуд. Ҳоким Холиқзода омодагии Бонки миллиро барои ноил гаштан ба мақсади ягона, ки аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат муайян шудааст, бахусус барои рушди бозори коғазҳои қиматноки такрорӣ ва ҷалби маблағгузории дохилӣ таъкид намуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Январь 10, 2024 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд