Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо Италия ва Уммон тақвият мебахшад

Январь 12, 2024 18:26

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми байналмилалии маъданҳо, ки дар Риёз –пойтахти Шоҳигарии  Арабистони Саудӣ баргузор гардид, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири ҳифзи муҳити зист ва амнияти энергетикии Италия  Джилберто Пикетто-Фратин мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иттилоъ медиҳад.

Мусоҳибон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат байни  Тоҷикистон ва Италияро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи  Форуми байналмилалии маъданҳо дар Риёз бо муовини вазири энергетика ва маъданҳои давлати Уммон Муҳсин Ал-Ҳадрамӣ мулоқот намуд, ки зимни он дурнамои ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои саноат ва коркарди маъдан баррасӣ шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Январь 12, 2024 18:26

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБИ ТОЗА ТО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД. Андешаҳо дар ин маврид
Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст