Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд ҳамкории судмандро густариш медиҳанд

Январь 31, 2024 18:02

ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки исломии рушд  аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати Бонки исломии рушд (БИР) таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Ҷонибҳо натиҷаҳои вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулайман Ал-Ҷассерро дар таърихи 11 ноябри соли 2023 пайгирӣ намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ ва «сабз», энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, тандурустӣ ва маорифро мавриди муҳокима қарор доданд.

Иброҳим Шукрӣ иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаи вохӯрии Президентҳо Бонки исломии рушд барои лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 250 млн доллар ҷудо намуда, барои зиёд намудани ин маблағ кор мебарад.

Ҳамзамон бо маблағгузории Бонки исломии рушд амалишавии лоиҳаҳои «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф» ба маблағи 86 млн доллар, «Сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дустӣ» ба маблағи 41 млн доллар пешбинӣ шудааст.

То имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 633 миллион доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидаанд.

Ҳоло 5 лоиҳаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар ҳаҷми умумии 231 миллион доллар мавриди амал қарор дошта, 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 391 миллион доллар пешбинӣ шудааcт.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 31, 2024 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид