Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд ҳамкории судмандро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати Бонки исломии рушд (БИР) таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Ҷонибҳо натиҷаҳои вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулайман Ал-Ҷассерро дар таърихи 11 ноябри соли 2023 пайгирӣ намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ ва «сабз», энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, тандурустӣ ва маорифро мавриди муҳокима қарор доданд.
Иброҳим Шукрӣ иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаи вохӯрии Президентҳо Бонки исломии рушд барои лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 250 млн доллар ҷудо намуда, барои зиёд намудани ин маблағ кор мебарад.
Ҳамзамон бо маблағгузории Бонки исломии рушд амалишавии лоиҳаҳои «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф» ба маблағи 86 млн доллар, «Сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дустӣ» ба маблағи 41 млн доллар пешбинӣ шудааст.
То имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 633 миллион доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидаанд.
Ҳоло 5 лоиҳаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар ҳаҷми умумии 231 миллион доллар мавриди амал қарор дошта, 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 391 миллион доллар пешбинӣ шудааcт.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад






