Ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки суръати рушди иқтисодро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд

Январь 27, 2024 09:28

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи супоришҳои қаблӣ тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида вазифадор гардиданд, ки суръати рушди иқтисоди мамлакатро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Ин дастур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 дода шуд.

Сарвари давлат зарур донистанд, ки дар соли 2024 ба масъалаҳои пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули иқтисоди «сабз», истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда ва ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

«Таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт ба шумор мераванд»,-изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.

Ҳамзамон Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки корро дар самти боз ҳам такмил додани низоми идоракунии давлатӣ, ихтисори воҳидҳои сохтории зиёдатӣ ва бартараф намудани такроршавии вазифаҳо, пурра ба таври электронӣ ва фосилавӣ амалӣ намудани хизматрасонии давлатӣ ба ҷомеа ва соҳибкорон пурзӯр намояд.

Дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ба истифодаи механизмҳои арзёбӣ намудани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба ташкили «ҳукумати электронӣ» ва пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ Сарвари  давлат зарур донистанд, ки то охири соли 2024 ҷиҳати омода намудани заминаи моддиву техникӣ, кадрӣ ва тавассути ташаккули низоми ягонаи ҳамгироӣ пурра амалӣ намудани табодули маълумот тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда гузариши пурра ба иқтисоди рақамиро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2024 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд