Устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ – 2023» ғолиб шуд

Январь 8, 2024 12:01

ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Низомиддин Комилов дар Озмуни 8-уми байналмилалии «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ – 2023» иштирок намуда, бо медалу Дипломи дараҷаи 1-и «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ – 2023» қадрдонӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.

Низомиддин Комилов дар озмун бо пешниҳоди мақолаи илмӣ таҳти унвони «Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон» иштирок намуда, дар бахши иқтисодиёт ғолиб гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамасола дар доираи Лоиҳаи «Нашрияи байналмилалии Китоб» озмуни «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ» бо ташаббуси Ассотсиатсияи шахсони ҳуқуқии Ҳаракати умумимиллии «Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар байни муассисаҳои илмию таълимии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад.

Ҳадафи озмун дарёфти корҳои илмӣ-таҳқиқотии беҳтарин ва дар амал татбиқ намудани онҳо буда, дар он шумораи зиёди намояндагони мамлакатҳои ИДМ иштирок менамоянд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Январь 8, 2024 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад