Устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Беҳтарин муҳаққиқ»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023 шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Аълохон Бобозода байни таҳқиқотчиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷоизаи «Беҳтарин муҳаққиқ – 2023» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ хабар медиҳад.
Ин дастовардро омӯзгор бо пешниҳоди мақолаи илмӣ байни иштирокчиёни муассисаҳои мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳиб шуд.
Ба ин муносибат дар доираи чорабиниҳои илмӣ – маърифатии донишгоҳӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба Аълохон Бобозода медали «Беҳтарин муҳаққиқ — 2023», Дипломи дараҷаи l, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супорида шуд.
Озмун моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон байни мутахассисони муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он аз тамоми муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои ИДМ намояндагон тариқи онлайн иштирок намуданд.
Аълохон Бобозода дар ин озмун Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, ба гирифтани мақоми аввал комёб шуд.
Ёдовар мешавем, ки ӯ инчунин узви «Лигаи зиёиён» International Committee on Intellectual cooperation (ICIC) -и Академияи илмҳои табиии Русия ва дорандаи медал ва Сертификати бузургдошти Леонардо да Винчи мебошад.
АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст






