Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: «Соли маърифати ҳуқуқӣ водор месозад, ки маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд бардошта шавад»

Январь 16, 2024 16:49

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба ифтихори 30- солагии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки ин мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозад, то  зимни амалӣ гардидани вазифаҳо кӯшиш ба харҷ диҳад, ки сатҳи дониши аҳолӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар намояндагони гуногункасб баланд бардошта шавад. Баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон вазифаи асосии мақомоти Ваколатдор буда, эълони ин сол моро водор месозад, ки вазифаамонро дучанд амалӣ созем, то тавонем дар баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми бештар гузоремЧунин изҳор намуд имрӯз зимни баргузории ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода.

Дар ҳамоиш Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иброз гардид, ки яке аз дастовардҳои нахустини даврони соҳибистиқлолӣ- ин қабули Конститутсия мебошад. Зеро ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам оварда, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».

Иброз гардид, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат тақвият ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шавад, рушди устувори иқтисодӣ таъмин ва барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё гардад.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.

Ҳамзамон изҳор гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста зимни суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 низ ба масоили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат диққати махсус дода шуда, дар ин самт ба вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш бахшанд.

Дар ҳамоиш мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла маърифати ҳуқуқӣ-омили таъмин намудани амнияту субот дар Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- санади ҳуқуқӣ ва сиёсии дорои принсипҳои барномавӣ, ба марҳилаи бунёд ва рушди босубот ворид гардидани Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2024 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд