Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо ва бенизомиҳо дар хатсайрҳои мусофирбар изҳори нигаронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 476 ҳолати риоя нанамудани қоидаҳои интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин аз ҷониби ронандагон ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ронандагони онҳо тибқи қонунгузории мамлакат санад тартиб дода, ба маблағи беш аз 8,4 миллион сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Ин нукта зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар соли 2023 таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки дар корхонаҳо ва ҷамъияти нақлиётии ҷумҳурӣ 53 ҳазору 313 воситаи нақлиёти мусофирбар ва боркаш ва дар соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ 227 корхонаи нақлиётии истифодаи умумӣ сабт шудааст. Дар миқёси ҷумҳурӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ 5 ҳазору 494 иҷозатнома дода мешавад, ки 90%-и он ба нақлиёти автомобилӣ ва 10% ба соҳаҳои хоҷагии роҳ ва нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.
Барои танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои назоратӣ ва хатсайрҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5 ҳазору 235 маротиба санҷиш гузаронида шуда, 88 ҳазору 129 воситаи нақлиёт ба корҳои назоратӣ ҷалб гардид ва нисбат ба ронандагони онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шуданд. Барои риоя нанамудани шарту талаботи иҷозатномавӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 57 ҳазору 528 санад оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард дар нуқтаҳои боркунӣ ба 226 ҳазору 910 мошини боркаш сертификати нақлиёт дода шуд, ки нисбат ба як соли пеш 115 фоиз зиёд аст. Ҳамчунин борҳои аз меъёр зиёди беш аз 315 воситаи нақлиёт ба миқдори 2 ҳазору 461 тонна фароварда шуданд.
Иброз гардид, ки дар радифи комёбиҳо дар фаъолияти Хадамот камбудиҳо низ ҳастанд. Вазир ёдовар шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаи танзими ҳаракати роҳ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт таъкид гардид.
Вазири нақлиёт аз танзими нопурраи ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанбе, ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо, бенизомиҳо дар хатсайрҳои мусофирбар, додани иҷозатнома ва сертификатҳои мутобиқат ва салоҳият ба корхонаҳои нақлиётӣ ва ронандагоне, ки қоидаҳоро риоя наменамоянд, суръати нокифояи раванди гузариш ба низоми рақамикунонии фаъолияти назоратӣ дар нуқтаҳои сарҳадӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳо дод.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






