Вазъият дар минтақаи офати табиӣ дар Олмон мураккаб боқӣ мемонад

Январь 5, 2024 16:37

ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъияти обхезӣ дар минтақаи Мансфелд-Зюдхартси Олмон ҳамоно пуршиддат аст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад, 4 январ сатҳи оби дарёи Ҳелме дар Беннунген 2,42 метрро ташкил дода, ба ин васила аз баландтарин дараҷаи хатари 4-ум гузашт. Чанде пеш аз оғози сол дар ин ноҳияи замини федералии Саксония-Анхалт ҳолати фавқулода эълон шуд. Дарёи Ҳелме дар баъзе ҷойҳо аз соҳилҳо берун омадааст. Аз обхезӣ дар ин минтақа шаҳрҳои Берга, Келбра ва Беннунген, инчунин ноҳияи Зангерҳаузен дар Оберрёблинген зарар дидаанд.

Дар дигар заминҳои федералӣ, бахусус дар Саксонияи Поёнӣ хадамоти наҷот чанд рӯз боз бо баланд шудани сатҳи об мубориза мебаранд. Вазъият дар якчанд ноҳияҳои Саксонияи Поёнӣ мураккаб боқӣ мемонад. Ноҳияҳои Тселле, Эмсланд, Остерхолтс, Ҳайдекрайс, Верден ва шаҳри Олденбург зарар дидаанд. Дар ин шаҳрдориҳо ҳолати фавқулода эълон шудааст.

Хусусияти вазъи кунунӣ дар он аст, ки обхезӣ дар бисёр дарёҳо ва  ҷойҳо дар як вақт ба амал меояд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: АЗЕРТАҶ

Январь 5, 2024 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст