Яке аз ҳаштсад: чӣ тавр метавон «Ҳокими давраҳо» шуд?

Январь 11, 2024 15:02

ДУШАНБЕ, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони беҳтарин – онҳо киҳо мебошанд ва оё ҳангоми  фаъолият дар ширкати бузург корманди беҳтарин шудан осон аст? Ва ин далел ба ғайр аз мукофот ба ғолибон чӣ афзалият медиҳад? Ҳаракат менамоем, ки бо омӯзиши таҷрибаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба ин савол ҷавоб гардонем.

Ғолибонро чӣ тавр интихоб менамоянд? 

Ҳайати кории иборат аз 800 нафар, чор раёсати минтақавӣ, намояндагони касбу кори гуногун… Кормандони беҳтаринро ҳангоми чунин миқёси бузург, вазифаҳои гуногуни корӣ ва шумораи нафароне, ки пирӯз шудан мехоҳанд, чӣ тавр метавон интихоб намуд? Дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» якбора якчанд озмунҳои корпоративӣ амалӣ намуданд. Баъзеи онҳо кормандони самтҳои муҳим ва асосиро ҳавасманд менамоянд – барои ширкати телекоммуникатсионӣ ин мутахассисони техникӣ ва кормандони хадамоти мизоҷон мебошанд.

Ҳамин тариқ, барои техникҳо озмуни  «Муҳандиси беҳтарин», ки ҳар се моҳ гузаронида мешавад, амалӣ шуд. Барои зерсохторҳои бо мизоҷон коркунанда озмуни «Ҳокими давраҳо» ҷорӣ гардид. Содатар гӯем, агар миқдори ҳарчи бештари пойгоҳҳои базавиро ба кор дарорӣ ё теъдоди ҳарчи зиёдтари муштариёнро пайваст намоӣ, ба пирӯзӣ наздиктар мешавӣ. Дар асл гирем, меъёрҳои баҳогузорӣ хеле гуногун ҳастанд, лекин принсипи умумӣ фаҳмо аст. Лекин чӣ тавр метавон муҳандисонро бо муҳосибон ё мутахассисони Хадамоти мизоҷонро бо ронандагон муқоиса намуд?

Ҳамаи кормандони ширкат бе истисно метавонанд дар озмунҳои «Корманди беҳтарин»  ва «МегаФон аз ту оғоз меёбад» иштирок намоянд. Дар озмуни якум ғолибонро аз ҳамаи зерсохторҳои муҳим роҳбарон бо назардошти нишондиҳандаҳои корӣ интихоб менамоянд. Дар натиҷа ҳамасола зиёда аз 40 нафар корманди беҳтарин эътироф мешаванд. «МегаФон аз ту оғоз меёбад» аллакай мукофоти «халқӣ аст»: номзадҳоро худи ҳамкорон пешбарӣ менамоянд ва сипас онлайн-овоздиҳии ҳайати кормандон оғоз меёбад. Дар натиҷа аз рӯи миқдори зиёдтари овозҳои додашуда се ғолиб – кормандоне, ки дар амалисозии мақсадҳои пешбарандаи ширкат, баландбардории нишондиҳандаи «Хушнудии мизоҷ» ва таҳкими даста саҳми бештар гузоштаанд, интихоб мешаванд. Метавонад чунин ҳам шавад, ки дар номинатсияи «Даста аз ту оғоз меёбад» ронанда ғолиб меояд. Аз рӯи номинатсияи «Пешсафӣ аз ту оғоз меёбад»  IT-мутахассисе пирӯзӣ  ба даст меорад, ки замимаи нодири мобилиро таҳия намуда, дар натиҷа он дар бозор хеле маъруф гардидааст.

Чӣ тавр метавон корманди беҳтарин шуд?

Пас мушаххасан чӣ бояд кард, то кӣ туро корманди беҳтарин эътироф намоянд, диплом ва туҳфаи арзишманд – мукофоти пулӣ, сертификат ё роҳхати туристӣ тақдим созанд? Шарти асосии ҳар кадоме аз озмунҳо – анҷом додани амалҳои бештар аз он ки мувофиқи нақша пешбинӣ шудааст ё берун омадан аз доираи уҳдадориҳои маъмулии хизматӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин тавр, соли 2023 ба қатори ғолибони озмуни «Корманди беҳтарин» муҳандисе дохил шуд, ки бо ташаббуси худ лоиҳаи мониторинги генераторҳои дизелӣ амалӣ намудааст, ки пойгоҳҳои базавиро бо неруи барқ таъмин менамояд. Системаи нав имкон медиҳад, ки ба таври автоматӣ маълумот оид ба харҷи сӯзишворӣ ба даст оварда шуда, дизелҳо сари вақт пур карда шаванд. Натиҷа – ҳам муштариён ҳамеша дар алоқа мебошанд, ҳам ба кормандони «МегаФон Тоҷикистон» зарур намеояд, ки вақти зиёд сарф намуда, назди пойгоҳҳои базавие ҳозир шаванд, ки дар онҳо захираи сӯзишворӣ ҳоло кифоя аст.

Дар байни ғолибони озмун қарор доранд: таҳиякунандаи чат-боти ҳушёри Dono AI, ки ба муштариён бо ёрии технологияҳои зеҳни сунъӣ хизмат мерасонад, мутахассиси техникӣ, ки нақшаи бакордарории пойгоҳҳои базавиро ба андозаи 25% барзиёд иҷро намудааст, менеҷере, ки ба шарофати ӯ дар «Ҳамёни» замимаи мобилии «МегаФон Life» давоми соли 2023 зиёда аз даҳ функсияи нав пайдо шуданд. Аз оне, ки талаб менамоянд, бештар намо, беҳтар намо, маҳсулоти нодирро амалӣ намо – бо ҳамин роҳ ғолиби озмун бишав!

Баъд кормандони беҳтаринро чӣ интизор хоҳад буд? Мукофоти сазовори моддӣ. Даъват ба иштирок дар лоиҳаҳои стратегии ширкат, пешравӣ дар касбу кор. Эҳтироми кормандоне, ки хуб медонанд, ба кӣ бояд таъсир намуду чӣ тавр корро ба роҳ монд. Аз чунин тарзи амал тамоми ширкат фоида мебинад.

Шумо ҳам мехоҳед корманди беҳтарин шавед? Пас анкетаро дар сомона пур намуда, ба оилаи «МегаФон Тоҷикистон» ворид шавед! Дар ин ҷой ҳар кас имкон дорад, ки қобилияти худро нишон диҳад.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Январь 11, 2024 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд