14 ФЕВРАЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи Тоҷикистон туҳфа гардидани шоҳасарҳо — «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» иқдоми беназир аст

Февраль 14, 2024 15:09

ДУШАНБЕ, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) эълон шуда,  дар Тоҷикистон низ дар  ин сана  барномаҳои гуногуни маърифатӣ доир мегарданд.  Мавриди ёдоварӣ аст, ки  бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанги  аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба ҳар як оилаи  мамлакат дастрас мешавад.

Тавре дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нусхаи китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ки аз ҷониби Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ соли 2010 ба чоп расида буд, барои нашр интихоб гардид, то дастраси ҳар хонаводаи Тоҷикистон шавад.

Гурӯҳи корӣ баъди бо диққати комил омӯхтан ва муқоиса намудани чор нусхаи маъруфи «Шоҳнома» дар айни замон ба хулоса омад, ки нусхаеро, ки аз ҷониби Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ тартиб дода шудааст, ба нашр омода созад.

Дар раванди таҳияи матни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва мусоидат ба суръат бахшидан барои таҳияи ин шоҳасари миллӣ барои гурӯҳи корӣ тамоми шароиту имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ба таҳрири матни «Шоҳнома» матншиносон ва мутахассисони адабиёти классикӣ аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 5 декабри соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанги  аҷдодон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ дастрас шавад.

Бояд гуфт, ки  қаблан ҳам бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба ҳар оилаи мамлакат китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа гардид.


Дар ин маврид Пешвои миллат чунин иброз доштанд: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор намоем. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» – ро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оила туҳфа намояд».

«Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард», — таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

 Китоб аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари давлат тибқи дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2019 баёнгардида,  бо теъдоди 1 600 000 нусха бо сифати баланд нашр шудааст.

Тақдими китоб барои мардуми тоҷик анъанаи нек аз гузаштагон буда, имрӯз равнақи бештар ёфтааст. Дар Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб,  ҳар яки мо бояд дар ин кори хайр шарик шавем ва мувофиқи имкон як китоби хубе ба китобхонаи деҳот, ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ, оила, фарзандон ва дўстон   тақдим намуда, дар рушди маънавии ҷомеа саҳм гузорем.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 14, 2024 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»