Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 13-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо дар Абузабӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода дар маросими ифтитоҳи Конфронси 13-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки Завқӣ Завқизода вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи узвият дар созмон, мавқеи ҷумҳурӣ оид ба вазъи тиҷорати глобалӣ, бахусус ислоҳот дар Созмони ҷаҳонии савдо ва такмили низоми савдои бисёрҷониба ибрози назар намуд.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар солҳои 2013-2023 дар давраи узвият дар Созмони ҷаҳонии савдо Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, рушди миёнасолонаи иқтисодиро дар сатҳи 7,2 фоиз таъмин намуд ва шумораи шарикони тиҷоратиро то ба 120 давлат афзоиш дод.
Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи савдо муайян намудаанд.
Вазирони давлатҳо масъалаҳои марбут ба ислоҳоти Созмони ҷаҳонии савдо, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, субсидияи моҳидорӣ, савдо ва устувории муҳити зист, тасдиқи Созишнома оид ба содагардонии сармоягузорӣ барои рушд ва Барномаи кории созмон оид ба тиҷорати электрониро мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор доданд.
Ҳамзамон дар конфронс масъалаи ҳамроҳшавии давлатҳо ба Созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ шуда, Протоколи пайвастани давлатҳои Коморос ва Тимор-Лесте қабул шуд. Баъди гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ онҳо расман аъзои Созмони ҷаҳонии савдо мегарданд ва дар натиҷа шумораи давлатҳои аъзои ин созмон аз 164 то ба 166 давлат зиёд мешавад.
Дар конфронс Валиаҳди Абузабӣ, Раиси Шурои иҷроияи Абузабӣ, Волоҳазрат Шайх Холид бин Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳён, вазирони давлатҳои аъзо, роҳбарияти Созмони ҷаҳонии савдо ва намояндагони давлатҳои нозир, инчунин созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявии муқими Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд.
Конфронси вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо мақоми олии роҳбарикунанда буда, қарорҳои муҳими марбут ба савдои ҷаҳониро баррасӣ ва қабул менамояд, инчунин тибқи муқаррароти созмон ин чорабинӣ дар ду сол як маротиба баргузор мегардад.
Дар охири конфронс бо мақсади тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва густариши низоми савдои бисёрҷониба якчанд ташаббус ва эъломияҳои муштараки ҷаҳонӣ қабул гардиданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






