Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ баргузор шуд

Февраль 21, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 21.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Ашӯрбой Солеҳзода ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Гуфта шуд, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, яке аз омилҳои асосӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат мебошад.

Дар доираи ҷаласа мавзуи «Роҳҳои беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт» баррасӣ гардид. Доир ба ин масъала гузориши муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир шунида шуд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ якчанд тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт якҷо бо вазорату идораҳои далхдор чораҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд