ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар шаҳри Душанбе ва Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати молия соати 09:00 доир мегардад.
Дар Прокуратураи генералӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 09:00 доир мегардад.
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 10:00 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Дар Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» нишасти матбуотӣ соати 09:00 (кӯчаи Назаршоев, 7, назди КВД «Обу корези шаҳри Душанбе») доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов соати 11:00 баргузор мешавад.
Дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва нишасти матбуотӣ соати 15:00 (кӯчаи Мирзо Турсунзода, 82, назди Литсейи касбии алоқа) гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2023 29 январ оғоз шуда, 16 феврал ҷамъбаст мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






