Ҳамкории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо роҳбари Дафтари Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббус ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагиҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёд ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок амалӣ гардонида шуда, нақши ин Созмон дар инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷонибҳо доир ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории муштарак байни Агентӣ ва Дафтари Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон муколамаи судманд анҷом дода, дар ин замина таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ дар самти муқовимат ба коррупсия манзур гардонида шуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






