Ҳамкории Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти касбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд

Февраль 22, 2024 14:39

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар—Рушайдон доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита.

Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти кумитаи навтаъсис маълумоти мушаххас дод.

Иброз гардид, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз мамлакатҳои муҳим дар Шарқи Наздик ва Миёна ба ҳисоб рафта, дар муносибати дуҷониба ва бисёрсамтааш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, рушди сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳо лоиҳаҳои бузургро амалӣ месозад.

Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон пешниҳод намуд, ки Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкории дуҷониба амалӣ намояд.

Фарҳод Раҳимӣ таклифҳои сафирро муҳим арзёбӣ намуда, омодагии кумитаро вобаста ба ташкил ва таҳкими ҳамкории муштарак изҳор намуд. Иброз гардид, ки сатҳи ҳамкории илмии дуҷонибаи ҷавобгӯ ба талабот зарурати тавсеа ва тақвияти ҳамкориро талаб менамояд.

Пешниҳод шуд, ки лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ бо ин муассисаҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳия шуда, тибқи муқаррарот пас аз мувофиқа ва гузаронидани расмиёти мувофиқасозии дохили давлатӣ амалӣ шаванд.

АКС: Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2024 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид