ҲАР СОЛ ТАЪСИСИ ЗИЁДА АЗ 100 ҲАЗОР ҶОЙҲОИ КОРИИ НАВ. Соли гузашта 230 ҳазору 747 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда ба ҳисоб гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 17.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар мамлакат 230 ҳазору 747 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда ба ҳисоб гирифта шуда, аз ҷумла 79 ҳазору 143 ҷойи кори доимӣ, 43 ҳазору 112 ҷойи кори муваққатӣ ва 102 ҳазору 588 ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд. Ҳамчунин дар ин давра 1495 ҷойи кори иловагӣ таъсис ёфта, 4409 ҷойи корӣ барқарор шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, аз 230 ҳазору 747 ҷойи кор, аз ҷумла, дар бахши воқеии иқтисодиёт 155 ҳазору 284 (67,3 фоиз) ва дар бахши хизматрасонии иқтисодиёт 75 ҳазору 463 (32,7 фоиз) ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.
«Бештари ҷойҳои корӣ дар бахши воқеӣ, асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ 99849 ҷой, саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок 3566 ҷой, саноати коркард 12883 ҷой, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво 1628 ҷой, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 210 ҷой, сохтмон 37148 ҷойи корӣ, ғайр аз ин, дар бахши хизматрасонӣ дар соҳаи савдои яклухт, чакана ва таъмир 20703 ҷой, нақлиёт ва хоҷагии анбор 6402 ҷой, меҳмонхона ва тарабхонаҳо 2750 ҷой, маориф 15021 ҷой, тандурустӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ 3447 ҷой, дигар намуди хизматрасониҳо 16181 ҷой, аз ҷониби ташкилотҳои хориҷӣ 195 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст», — гуфта шуд дар нишаст.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки «дар мамлакат шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар панҷ соли охир 8,4 фоиз зиёд гардидааст. Инчунин, суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад».
«Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки тибқи супоришҳои қаблӣ дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд. Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили ҷумҳури ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад»,-тазаккур доданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат илова намуданд, ки андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Таъкид гардид, ки вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дар ин самт масъулияти бевосита доранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






