ҲАР СОЛ ТАЪСИСИ ЗИЁДА АЗ 100 ҲАЗОР ҶОЙҲОИ КОРИИ НАВ. Соли гузашта 230 ҳазору 747 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда ба ҳисоб гирифта шудааст

Февраль 17, 2024 08:57

ДУШАНБЕ, 17.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар мамлакат 230 ҳазору 747 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда ба ҳисоб гирифта шуда, аз ҷумла 79 ҳазору 143  ҷойи кори доимӣ, 43 ҳазору 112 ҷойи кори муваққатӣ ва 102 ҳазору 588 ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд. Ҳамчунин дар ин давра 1495  ҷойи кори иловагӣ таъсис ёфта, 4409  ҷойи корӣ барқарор шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд,  аз 230 ҳазору  747 ҷойи кор,  аз ҷумла, дар бахши воқеии иқтисодиёт 155  ҳазору 284 (67,3 фоиз) ва дар бахши хизматрасонии иқтисодиёт 75 ҳазору 463 (32,7 фоиз) ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

«Бештари ҷойҳои корӣ дар бахши воқеӣ, асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ 99849 ҷой, саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок 3566 ҷой, саноати коркард 12883 ҷой, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво 1628 ҷой, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа  210 ҷой, сохтмон 37148 ҷойи корӣ, ғайр аз ин, дар бахши хизматрасонӣ дар соҳаи савдои яклухт, чакана ва таъмир 20703 ҷой, нақлиёт ва хоҷагии анбор 6402 ҷой, меҳмонхона ва тарабхонаҳо 2750 ҷой,  маориф 15021 ҷой, тандурустӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ 3447 ҷой, дигар намуди хизматрасониҳо 16181 ҷой, аз ҷониби ташкилотҳои хориҷӣ 195 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст», — гуфта шуд дар нишаст.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки «дар  мамлакат  шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар панҷ соли охир 8,4 фоиз зиёд гардидааст. Инчунин, суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад».

«Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки тибқи супоришҳои қаблӣ дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд. Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили ҷумҳури ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон  маҳсуб мешавад»,-тазаккур доданд Сарвари давлат.

Пешвои миллат илова намуданд, ки андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили ҷумҳурӣ  бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Таъкид гардид, ки вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дар ин самт масъулияти бевосита доранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2024 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд