«ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Хуҷанд маҳфили сиёсии тарғиботчиёни ҷавон «Андеша» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар мавзуи «Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ» нишасти навбатии маҳфили сиёсии тарғиботчиёни ҷавон «Андеша» доир гардид, ки дар он беш аз 3 ҳазор нафар устоду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тариқи маҷозӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюб Усмонзода ташаббуси мазкурро, ки ҳамасола бо шаклу усулҳои наву муосир ва ҷалби намояндагони ниҳоди қудратӣ, доираи васеи олимону донишмандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида мешавад, анъанаи судманду самарабахш унвон намуд.
Маҳфили сиёсии тарғиботчиёни ҷавон «Андеша»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тавонист, ки давоми фаъолияти худ ҷиҳати баррасии масоили мубрами ҷомеа барои равшанфикрону зиёиён майдони мусоиди табодули афкорро фароҳам орад.
Аюб Усмонзода муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шарҳ дода, афзуд, ки ин санади муҳим ҳамчун дастури созанда барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои боз як соли дигар муайян намуд.


Зарурият ва аҳамияти эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар баромади ректори донишгоҳ муфассал шарҳ дода шуда, таъкид гардид, ки барпо намудани муҳиту фазои ором ва осоиштаи ҳаёти ҷомеа, қабл аз ҳама эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини волоияти қонунро тақозо мекунад.
Дар раванди таълими донишгоҳ омӯзонидани фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, сиёсатшиносӣ, диншиносӣ, журналистикаи сиёсӣ, муҳорибаи иттилоотӣ, шарҳу тавзеҳи заминаҳои содиршавии ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирӣ ва ҳадди ҷазои ҷиноятӣ барои содир намудан, сарчашмаҳои сар задани гурӯҳҳои ифротӣ, сабабҳои пайдоиши ҷангҳои иттилоотиро ректори донишгоҳ кафили баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон маънидод намуд.
Дар ҷамъомад намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд перомуни баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги истифода аз интернет ва технологияҳои муосир миёни сокинон, тақвияти корҳои идеологӣ дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм сухан намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






