«ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Хуҷанд маҳфили сиёсии тарғиботчиёни ҷавон «Андеша» баргузор гардид

Февраль 13, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар мавзуи «Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ» нишасти навбатии маҳфили сиёсии тарғиботчиёни ҷавон «Андеша» доир гардид, ки дар он  беш аз 3 ҳазор нафар устоду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тариқи маҷозӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюб Усмонзода ташаббуси мазкурро, ки ҳамасола  бо шаклу усулҳои наву муосир ва ҷалби намояндагони ниҳоди қудратӣ, доираи васеи олимону донишмандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида мешавад, анъанаи судманду самарабахш унвон намуд.

Маҳфили сиёсии тарғиботчиёни ҷавон «Андеша»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тавонист, ки давоми фаъолияти худ ҷиҳати баррасии масоили мубрами ҷомеа барои равшанфикрону зиёиён майдони мусоиди табодули афкорро фароҳам орад.

Аюб Усмонзода муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шарҳ дода, афзуд, ки ин санади муҳим  ҳамчун дастури созанда барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои боз як соли дигар муайян намуд.


Зарурият ва аҳамияти эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар баромади ректори донишгоҳ муфассал шарҳ дода шуда, таъкид гардид, ки барпо намудани муҳиту фазои ором ва осоиштаи ҳаёти ҷомеа, қабл аз ҳама эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини волоияти қонунро тақозо мекунад.

Дар раванди таълими донишгоҳ омӯзонидани фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, сиёсатшиносӣ, диншиносӣ, журналистикаи сиёсӣ, муҳорибаи иттилоотӣ, шарҳу тавзеҳи заминаҳои содиршавии ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирӣ ва ҳадди ҷазои ҷиноятӣ барои содир намудан, сарчашмаҳои сар задани гурӯҳҳои ифротӣ, сабабҳои пайдоиши ҷангҳои иттилоотиро ректори донишгоҳ кафили баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон маънидод намуд.

Дар ҷамъомад намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд перомуни баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги истифода аз интернет ва технологияҳои муосир миёни сокинон, тақвияти корҳои идеологӣ дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм сухан намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Февраль 13, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДОРУ АЗ МЕВАИ ДӮЛОНА. Онро устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемории дилу рагҳо тайёр кардаанд
Сокинони шаҳри Леваканд соҳиби сертификати касбомӯзии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гардиданд
Бо хатмкунандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд доир шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии фарҳанги Қазон фиристода шуданд
Густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г. В. Плеханов баррасӣ шуд
Хатмкунандагони мактабҳои пойтахт бо ҷараёни таълим дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шинос шуданд
Имрӯз даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз шуд
ИЛМ ВА ЗАМОН. Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистон қарор дорад
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» гузаронида шуданд
Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи соҳаи маориф ва зинаҳои таҳсилро муайян менамояд
РУШДИ МАОРИФ. Музди маоши омӯзгорони гурӯҳҳои русиву англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ 10 фоиз зиёд гардид