Аз фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ва 11 ширкати хориҷӣ парвози мунтазам анҷом додаанд

Февраль 1, 2024 09:31

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 аз фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷи дуру наздик як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ –«Сомон Эйр» ва 11 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, ба мисли «Ют Эйр», «Уралские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь-S7», «Ямал» -и Русия, «Эйр Астана»-и Қазоқистон, «Узбекистон ҳаво Йуларӣ»-и Узбекистон, «Флай Дубай»-и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, «Туркиш Эйрланс»-и Туркия, «Вориш Эйрланс»-и Эрон, «Ҷазира Эйрвейз»-и Кувайт ва «Бута Эйрвейз»-и Озарбойҷон парвозҳои мунтазам иҷро намуданд.

Дар ин хусус 31 январ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.

Мавсуф гуфт, ки соли гузашта ба фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон 12 ҳазору 238 парвоз аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ анҷом дода шуд, ки тавассути ин хатсайрҳо беш аз 3,6 миллион мусофир интиқол дода шуданд. Ҳиссаи фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дар интиқоли мусофирон чунин аст: «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»- беш аз 2,2 миллион, «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»- зиёда аз 1,2 миллион, «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» -қариб 300 ҳазор, «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар»- зиёда аз 130 ҳазор мусофир.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2024 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст