Ба рушди соҳаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ дар Тоҷикистон минбаъд низ имтиёз дода мешавад
ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар ҷумҳурӣ шуруъ аз соли 2018 то 31 декабри соли 2023 дар соҳаи парандапарварӣ ва моҳипарварӣ имтиёзҳо амалӣ шуданд, ки ин ба пешрафти соҳа таъсири мусбат гузошт. Дар давраи амали имтиёзҳо дар самти парандапарварӣ шумораи корхонаҳои соҳа афзоиш ёфта, воридоти гӯшти паранда, махсусан мурғ аз хориҷи ҷумҳурӣ кам гардида, шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 65 ба 228 адад расонида шуд. Чунин изҳор намуд Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода 1 феврал зимни нишасти матуботии ин ниҳод.
Ба гуфтаи Қурбон Ҳакимзода, рӯзҳои наздик, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани имтиёз ба соҳаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ қабул карда мешавад.
Ҳамзамон Вазири кишоварзӣ иттилоъ дод, ки дар айни замон дар мамлакат 101 корхона ба истеҳсоли тухм, 113 корхона ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 корхона ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеҳсолӣ машғул мебошанд.
Дар нишати хабарӣ гуфта шуд, ки ҳоло корхонаву хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 1 млрд сомонӣ андоз ворид менамоянд.
«Бояд бигӯям, ки вазифаи аввалиндараҷа ва ҷонии кишоварзон- ин таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва сабади истеъмолии аҳолӣ ба шумор меравад», —таъкид намуд номбурда.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






